Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Имзои созишномаҳои грантӣ

.

Мутобиқи аҳдномаҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон мувофиқашуда, ки соли 2014 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон доир гардида буданд, имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо маросими имзои Шартнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ (грант) барои сохтмони манзил (марҳилаи дуюм) ба маблағи 8,0 млн. евро ва Шартномаи иловагӣ ба Созишномаи молиявӣ ҷиҳати барномаи мубориза алайҳи бемории сил (марҳилаи чорум) ба маблағи 213,4 ҳаз. евро баргузор гардид. 

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи Барномаи рушди маблағгузории хурд дар деҳот марҳилаи аввали лоиҳаи сохтмони манзил татбиқ карда мешавад, ки барои он қаблан 8,0 млн. евро ҷудо гардида буд. Маблағи мазкур бошад, барои марҳилаи дуюми ин лоиҳа равона хоҳад гардид. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома дастрасии аҳолии деҳот ба хизматрасонии бонкӣ, алалхусус дар самти дастрасии қарзҳо барои беҳтар намудани шароити зист дар деҳот беҳтар карда мешавад.

Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки Ҳукумати Олмон дар доираи Барномаи мубориза алайҳи бемории сил 19,1 млн. евро ҷудо карда буд, ки он барои такмил ва таҷҳизонидани Беморхонаи ҷумҳуриявии бемории сили «Мачитон» равона гардида буд. Маблағҳои иловагӣ барои зиёд кардани буҷети умумӣ аз рӯи ин лоиҳа нигаронида шудааст. Дар натиҷаи татбиқи ин барнома пешбинӣ мегардад, ки беморхонаҳои касалиҳои сили ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ таҷдид карда мешаванд.

Шартномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Федеролии Олмон роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Аврупои Ҷанубӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ хонум Ева Витт имзо намуданд.