Дар Вазорат Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва ММПИ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он меҳмонон- Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот Нуқра Аҳмадзода ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Гулҷаҳон Зайниддинзода ширкат варзиданд.
Ҷамъомади тантанавиро бо суханони муқаддимавӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда- Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард. Ӯ зимни суханрониаш аз ҷумла таъкид намуд, ки алалхусус, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон ба забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохӯриҳои сершумори худ муҳиммияти ин масъаларо таъкид менамоянд. Дар анҷоми баромадаш С.Назризода қайд намуд, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Комиссияи татбиқи Қонуни забон пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, тарҷумаю истифодаи дурусти истилоҳоти иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аъзои Комиссия мақсад доранд дар оянда низ таҳти муқаррароти Қонуни нави забон фаъолияти худро густурда ба роҳ монда, дар татбиқи он саҳми худро гузоранд.
Сипас, Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён дар бораи мақому мартабаи забони тоҷикӣ, татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» ва сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи мазкур Нуқра Аҳмадзода перомуни истифодаи истилоҳоти соҳавӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Дар интиҳо байни кормандони Вазорат ва меҳмонон оид ба паҳлуҳои мухталифи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва истифодаи истилоҳоти соҳавӣ суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.