Навиди Вазорат



Таҷлили ҷашни Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд

Дар оғоз Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин кормандонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, самимона табрику шодбош намуда, аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.»

Инчунин қайд намуданд, ки бо заҳмату талошҳои пурсамари Пешвои муаззами миллат ќатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ дар бораи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Чунин ташаббуси дурандешонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат дар замони бархӯрди фарҳангҳо барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва шинохтани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун нақши арзишманд гузошт.

Дар ҷараёни ҷашни тантанавӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ бо руҳияи идона барои боз ҳам хушу хотирмон гузаштани чорабинӣ дар васфи Наврӯзу баҳор бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуданд.

Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар вазорат бо анъанаҳои аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.