Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вазорату идораҳои соҳаҳои иҷтимоӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027

.

  

28 марти соли 2024 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №78-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва вилояти Хатлон муаррифии рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло ҳусни оғоз бахшида, баён намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси ҷойҳои кории нав, омода намудани кадрҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати таълим, бунёди мактабҳои нави замонавӣ, дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ва дар маҷмӯъ таъмини шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.

Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 бояд ба ҷанбаҳои сифатии рушд ва муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ диққати махсус дода шавад.

Дар ин раванд аз ҷониби Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Муҳсинзода Ғ., Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – Давлатзода Қ., Муовини вазири маориф ва илм – Сафарзода Д., намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва вилояти Хатлон рӯнамои дурнамои нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, инчунин сармоягузорию соҳибкорӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ карда шуданд.

Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарори дахлдор қабул гардид.