Ҷаласаи ҳаждаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Рӯзи 9 апрели соли 2023 ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо (КҲСРС) бо роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин баргузор гардид.
Дар ҷаласа иҷрои супоришҳои протоколии қаблӣ ва ҳисобот вобаста ба татбиқи супоришҳои Протоколи ҷаласаи ҳабдаҳуми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо аз ҷониби Хадамоти гумрук ва Агентии «Тоҷикстандарт» вобаста ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати кам кардани номгӯи мол, кор ва хизматрасониҳо, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, номгӯи молии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилоти соҳаи нассоҷӣ ва ғайраҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки дар асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар дар самтҳои қайдгардида, ки бевосита ба содагардонии расмиёти савдо равона гардидааст, як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст ва вазорату идораҳо якҷо бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд мунтазам дар доираи ҷаласаҳои Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо чораҳои амалӣ меандешанд.
Инчунин дар кори ҷаласа муколамаи озод байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифт, ки масъалаҳои баррасишаванда бевосита ба татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва рушди босуботи иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд.