Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти доираи васеи соҳибкорони Тоҷикистону Ҷопон

.

24 октябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва доираи васеи соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид. 

Дар чорабинии мазкур ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, Саидраҳмон Назризода ва ҳайати Ҷопонро бошад, мушовири Департаменти кишварҳои Аврупои Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон, ҷаноби Тошихиро Аики роҳбарӣ намуданд.

Ҳамзамон, дар аснои чорабинӣ вобаста ба мавзуъҳои «Вазъи иҷтимоию иқтисодии ҶТ ва дурнамои он» муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо С.Назризода, «Имкониятҳои сармоягузории ҶТ» муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллозода ва «Рушди туризм дар ҶТ» муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Ризо Назарзода баромад намуданд.

Ҳамин тариқ, роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар миёни намояндагони ҳайатҳои ҳарду кишвар мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Қобили тазаккур аст, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2015 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Япония 7,7 млн. доллари ИМА-ро дар бар гирифт. Суръати афзоиши гардиши савдо байни Тоҷикистону Ҷопон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,5 фоиз, ё аз рӯи арзиш 0,4 млн. доллари амрикоӣ афзоиш ёфт.