Навиди Вазорат



Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд

.

  

28 апрели соли 2024 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин дар маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаҳои солонаи БИР зери мавзӯи «Қадрдонии гузаштаи худ бо мақсади сохтани оянда, аслӣ, ҳамрайъӣ ва шукуфоӣ» дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуд.

Ҷаласаҳои солонаи БИР имсол дар ҳошияи 50 солагии таъсисёбии бонк бо иштироки намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони 57 кишвари аъзои бонк баргузор мегарданд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии чорабиниҳо Президенти Гурӯҳи БИР доктор Муҳаммад Сулаймон Ал - Ҷассер суханронӣ карда, қайд намуд, ки ҷаҳон барои бартараф кардани норасогии маблағгузорӣ барои лоиҳаҳои инфрасохтори устувор то соли 2040 ба 15 триллион доллар ниёз дорад.

Инчунин таъкид намуд, ки бонк аз оғози таъсисаш барои дастгирии 12000 лоиҳаҳо баҳри рушд дар кишварҳои аъзо беш аз 182 миллиард доллар сармоягузорӣ карда, минбаъд низ ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳои афзалиятноки кишварҳои аъзо омодагии худро баён менамояд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Гурӯҳи БИР дар соли 2023 барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварҳои аъзо ба маблағи умумии 4,3 миллиард доллар бо афзоиши 42 фоиз аз ҳисоби худи бонк, 6,9 миллиард доллар аз Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC), 627 млн. доллар Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) ва 13,3 миллиард доллар Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) суғурта ва кафолатҳои қарзӣ дар самтҳои молия, кишоварзӣ ва энергетика пешниҳод намудааст.

Завқизода З. А. дар мизи мудаввари мудирони бонк ба роҳбарияти БИР барои таъсиси механизми нави маблағгузории имтиёзноки зиддибуҳронӣ (crisis window) минатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки маблағҳои он ба ҳадафу афзалиятҳои рушди кишварҳои аъзо, аз ҷумла иқтисоди сабз, таъмини амнияти озуқаворӣ, инфрасохтори ирригатсионӣ ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим равона гарданд.

Дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо/мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул ва Раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон шомил мебошанд.

Ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд якҷо бо чорабиниҳои канории он идома доранд.