Таҷлили 21-умин солгарди Сарқонун дар Вазорат
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ бахшида ба 21-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод кормандонро ба ин санаи фархунда табрик намуда, мухтасар оид ба нақш ва мақоми Сарқонун дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст, ибрози назар намуд.
Кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ ва Раёсати кадрҳо ва бахши махсуси Вазорат Д.Чалая, Б. Гулрузов, М.Ниёзов ва П.Ҳусейнзода моҳият ва муҳтавои Сарқонуни ҷумҳуриро муаррифӣ карда, нақши онро дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар зикр намуданд.