Мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати бонки содиротию воридотии "Эксимбанк" - и Ҷумҳурии Мардумии Чин
21 майи соли 2024 мулоқоти Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин бо ҳайати бонки содиротию воридотии "Эксимбонк"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар доираи он лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, инчунин самтҳои асосии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо баррасӣ шуданд.
Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати оқилона ва дурандешонаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти муҳим медиҳад.
Дар робита ба ин, бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо сол аз сол рушд мекунанд. Ҳамин тариқ Чин шарики дуюми Тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас дорад. Соли 2023 ҳаҷми тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин 1,5 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 24,2 фоиз зиёд мебошад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.