Мулоқот бо соҳибкорони музофоти Гансу
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазир, Умед Давлатзод бо ҳайати соҳибкорони музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки таҳти роҳбарии муовини директори Департаменти тиҷорати музофоти Гансу, ҷаноби Чжан Шиэн ба Душанбе ташриф овардаанд, сурат гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, гидроэнергетика, дорусозӣ, сайёҳӣ ва ғайра мубодлиаи афкори судманд намуданд.
Қобили тазаккур аст, ки 12 декабри соли ҷорӣ ҳайати мазкур бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти субъектҳои МОИ «Данғара» дидан хоҳанд намуд.