Ҷаласаи 45-уми Шӯрои маъмурии ТПАО
Санаи 9 сентябри соли 2024 дар қароргоҳи Ташкилоти патентии Авруосиёӣ (ТПАО), дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, ҷаласаи 45-уми навбатии Шӯрои маъмурии ТПАО баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои мазкур масъалаҳои ташкилот, аз ҷумла баррасии лоиҳаи буҷети ТПАО барои соли 2025, ворид намудани тағйирот ба Низомнома дар бораи боҷҳои ТПАО барои амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, ворид намудани тағйирот ба Дастурамали патентӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёӣ (КПАО) ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ гардиданд.
Дар доираи Шурои маъмурӣ маросими ҷашни 30-солагии баимзорасонии КПАО баргузор гардид, ки Солеҳзода А. А. бахшида ба ин рӯзи таърихии ташкилот сухани табрикотӣ намуданд. Ҳамзамон директори муассиса Исмоилзода М. ба намояндагони Тоҷикистон, ки дар Идораи патентии Авруосиёи кору фаъолият менамоянд, нишонҳои МД ММПИ-ро тақдим намуд.