Баррасии ҳамкориҳо бо Ши Даган
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Зеркомиссияи муштараки Тоҷикистону ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури (НМСУ) Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии назди Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки таҳти роҳбарии Ши Даган Муовини Раиси ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури (НМСУ) Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, гумрук, туризм ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.