Навиди Вазорат



Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

4 октябри соли 2024  дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти вазорат ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Ҷамъомади тантанавиро бо суханронии муқаддимавӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Ф. С. оғоз кард ва ҳозиринро ба Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик намуда, дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамар баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно намуд.

Қайд гардид, ки дар устувор гардонидани забони давлатӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста мебошад.

Лозим ба қайд аст, ки дар чорабини мазкур аз ҷониби роҳбарият таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус хизматчиёни давлатӣ дар самти тозаву пок нигоҳ доштани забони давлатӣ ва расонидани он ба наслҳои оянда вазифадор мебошанд.