Суханронӣ дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ
Муҳтарам Раис, Волоҳазрат Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд,
Валиаҳд ва Раиси Шӯрои вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ,
Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо!
Шиддат гирифтани задухурдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин печидатар шудани буҳрони башарӣ дар ин минтақа боиси нигаронии амиқи мо гардидааст.
Пайомадҳои фоҷеабори амалиётҳои ҳарбӣ дар навори Ғаза ва Лубнон минтақаро дар руёрӯи бӯҳрони бесобиқаи гуманитарӣ қарор додаанд.
Бо дарназардошти ин ҳолат, мо қарори парлумони Исроилро дар бораи манъи фаъолияти Агентии имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид нақзи ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ меҳисобем.
Мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд.
Дар ин раванд, мо, ҳамчунин, аз тақвияти нақши ҳамоҳангсози Созмони Милал ва ҳар гуна талошҳои дигари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақа ҷонибдорӣ мекунем.
Дар зимн аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват мекунем, ки ба мақсади пешгирӣ аз як ҷанги доманадор дар минтақаи Ховари Миёна дар рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳусни эътимоду созандагӣ иқдомҳои бештар муассир андешанд.
Бар ин боварем, ки ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад.
Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.
Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.
Дар ин замина, дастгирӣ аз саъю кӯшишҳои минбаъда ҷиҳати аз нав оғоз кардани раванди муколамаи бисёрҷонибаи сиёсӣ барои ноил шудан ба ҳалли қазия муҳим дониста мешавад.
Боиси таассуф аст, ки талошҳои Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт самара намедиҳанд.
Шурои амнияти ин ниҳоди бонуфуз бо сабаби ихтилофи назар ҳатто дар робита ба қабули як қатъномае, ки ҳифзи ҷони аҳолии осоиштаро дар назар дорад, ба мавқеи ягона омада наметавонад.
Ҳарчанд даргириву хунрезиҳо дар ин минтақаи Ховари Миёна ба нуқтаи авҷи худ расидаанд, аммо ҳанӯз иқдомҳои ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ҷиҳати хотима бахшидан ба низоъ ба мушоҳида намерасанд.
Гузашта аз ин, ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд.
Дар баробари ин, мо ҷонибдории худро аз таваҷҷуҳи пайвастаи Созмони ҳамкории исломӣ ба ин қазия ва талошҳои он ҷиҳати дастгирии мардуми Фаластин ва Лубнон изҳор менамоем.
Дар марҳалаи кунунӣ кишварҳои аъзои Созмонро лозим аст, ки дар асоси нақшаи мақсадноки башардӯстона ҷиҳати расонидани кумакҳои лозима ва таъхирнопазир ба мардуми Фаластин тадбирҳои муассир андешанд.
Тоҷикистон ба қадри имкон дар ин кор саҳм гирифтааст ва дар оянда низ ҳисса хоҳад гузошт.
Пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилиҳои ҷаҳонро дорад.
Бовар дорам, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯза ба раванди мусбати ҳалли қазияи Фаластин ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои таҳрикомез, ки метавонанд кишварҳои минтақаро ба доми оташ кашанд, мусоидат хоҳад кард.
Дар хотима мехостам миннатдории хешро ба кишвари бародари Арабистони Саудӣ барои баргузор намудани ин чорабинии муҳим ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳор намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
https://president.tj/event/news/48854