Оғози чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА», аз ҷумла Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА»
26 ноябри соли 2024 бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Китобхонаи миллӣ маросими ифтитоҳи кори чорабиниҳои сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ «СПЕКА», аз ҷумла Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» баргузор гардид.
Дар кори Форум ҳайатҳои сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии СПЕКА, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Форум зиёда аз 100 мутахассисони соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба самтҳои рушди иқтисоди сабз, рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ, рушди низоми устувори нақлиёт, ҷалби сармоягузории мутақобила ва содагардонии расмиёти савдоро дар минтақа ҷамъ овард.
Дар рӯзи аввали Форум масъалаҳои мубрами рушди сабз, истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва қоҳиш додани оқибатҳои он, ҷорӣ намудани нақлиёти фарогир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, содагардонии расмиёти савдо, инчунин масъалаҳои рушди бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар маҷмӯъ рӯзи аввали Форум пурмаҳсул арзёбӣ гардида, дар он иштирокчиён тавонистанд дар бораи масъалаҳои рӯзномаи дар боло қайдшуда мубодилаи афкор намоянд.
Натиҷаи Форум ба кишварҳои иштирокчии минтақаи СПЕКА имкон медиҳад, ки ҳамкории бисёрҷонибаро ба сатҳи нав бароварда, сиёсати ягонаро барои ҳалли вазифаҳои муҳим татбиқ намоянд.