Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувейт оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Кувейт баргузор гардид
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Кувейт муҳтарам Шайх Мешъал Ал-Сабоҳ, 5 феврали соли 2025 дар шаҳри Кувейт ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувейт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳти ҳамраисии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири молия, Вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузории Кувейт хонум Нура Сулаймон Ал-Фассам баргузор гардид.
Завқизода З. А. қайд намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувейт муҳтарам Шайх Мешъал Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшид.
Дар ҷаласаи Комиссия дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мушаххас карда, вобаста ба ин ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои сарони ҳар ду давлат лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориву сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузориҳои мустақими кувейтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, сайёҳӣ, маориф ва варзиш пешниҳодҳои мушаххас манзур гардид.
Ҳайати Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Кувейт ва ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҷониби Кувейтиро табрик карда, дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба муваффақиятҳо орзу намуд.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои дастгирии лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон-Кувейт таъсис дода шавад.
Ҳайати Тоҷикистон ба ҷониби Кувейтӣ барои дастгирии пайваста ва саҳми арзандааш дар рушди соҳаҳои иқтисоди кишвар, аз ҷумла маблағгузории сохтмони НБО “Роғун” изҳори сипос намуд.
Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки то имрӯз Фонди кувейтии рушди иқтисодиёти араб барои маблағгузории лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, ирригатсия ва инфрасохтори Тоҷикистон тахминан 200 миллион доллар ҷудо намуд.
Дар рафти ҷаласа тарафҳо амалӣ шудани хатсайрҳои мустақим ва афзоиши мусофиркашониро байни шаҳрҳои Душанбе ва Кувейт ба хушнудӣ пазироӣ карда, роҳҳои рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданиро мушаххас намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, ки бо ҷалби сармоягузории кувейтӣ ширкатҳои ҳавоии муштарак таъсис дода шуда, инфрасохтори авиатсионӣ сохта ё азнавсозӣ карда шаванд. Ҳамзамон масъалаи кушодани хатсайрҳои мустақими ширкати Кувейт эйрвейз баррасӣ гардид.
Ҷониби Кувейт дар ҷавоб ба дархосту пешниҳодҳои Тоҷикистон изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ карда, дархосту пешниҳодҳои номбурдаро ҳаматарафа дастгирӣ менамояд.
Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувейт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расонида шуд, ки дар он тадбирҳои мушаххас вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳо қайд шуданд.
Дар доираи ҷаласаи Комиссия як қатор вохӯриҳои дутарафа, аз ҷумла бо Вазири молия, Вазири давлатии масоили иқтисодӣ ва сармоягузорӣ Нура Сулаймон Ал-Фассам, Вазири тиҷорат ва саноат Халифа Ал-Аҷир Ал-Аскар, Директори генералии Фонди Кувейтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар, Директори иҷроияи мудирияти сармоягузорӣ Сауд Ал-Сабоҳ, Президенти авиатсияи гражданӣ Шайх Ҳумуд Муборак Ал-Сабоҳ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар, рушди тиҷорату саноат, таҳкими ҳамкорӣ дар бахши авиатсия ва маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории муштарак муҳокима шуданд.
Дар анҷоми ҷаласаи Комиссия, тарафҳо бори дигар тасмими ҷиддии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ҳарду кишвар баён намуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Кувейт оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба анҷом расид.