Навиди Вазорат



Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо чорабинӣ оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

.

  

6 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Муовини вазир Восидиён Фарҳод Саъдулло бо иштироки Қодирзода Абдуҷаббор – муовини Раиси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ба муносибати интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро Восидиён Ф. С. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин чорабинии муҳими сиёсӣ самимона табрику таҳният намуд.

Қайд гардид, ки вохӯрии имрӯза дар доираи Нақшаи корҳои тарғиботию иттилоотӣ дар вазорату идораҳо оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.

Дар ҷараёни вохӯрии мазкур Қодирзода Абдуҷаббор оид ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, байни кормандон муҳокима ва саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар анҷоми чорабинӣ ба кормандони вазорат дастур дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд ва барои пешрафту шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон дар фаъолияти кориву шахсии худ ҷидду ҷаҳд намоянд.