Навиди Вазорат



ПРЕСС- РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024

.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ПРЕСС- РЕЛИЗ

оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024 

Дар соли 2024 шиддатнокии вазъи геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, канда шудани занҷираи таҳвил ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома ёфта, иқтисоди глобалиро ноустувор ва мураккаб гардонид.

 

Новобаста аз таъсири омилҳои берунаи қайдгардида дар натиҷаи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои таъмини суръати пешбинишудаи рушди иқтисодии кишвар, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар соли 2024 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид.

Дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Мавриди қайд аст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтааст. 

  

 

Дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.

  

Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20 фоиз, кишоварзӣ 10,6 фоиз, гардиши савдо 13,6 фоиз, мусофиркашонӣ 13,4 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 13 фоиз, боркашонӣ 11,5 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4 фоиз таъмин гардид.

Сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст. Таваррум дар ин давра асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 4,8 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар соли 2024 дар соҳаи саноат ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Дар ин давра дар қаламрави кишвар 740 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла 528 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси наздики 20 ҳазор ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқароршуда мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 53,8 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 20 фоизро ташкил дод.

Рушди соҳаи саноати кишвар аз ҳисоби 43 фоиз афзудани саноати истихроҷ, 7,6 фоиз саноати коркард, 5,7 фоиз соҳаи таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво ва 34,9 фоиз зиёд шудани соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа таъмин гардидааст.

Истеҳсоли неруи барқ дар соли 2024-ум 22,4 млрд. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 567,2 млн. кВт. соат ё 2,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар соли 2024 ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, вусъати кишту кор ва истифодаи самараноки заминҳо дар соҳаи кишоварзӣ як силсила тадбирҳои дахлдор амалӣ гардиданд.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 73,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2023-юм 10,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 31-уми декабри соли 2024 аз 90 адад (54 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 30 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 51,9 миллиард сомонӣ (4,7 миллиард доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 36,1 миллиард сомонӣ (3,3 миллиард доллари ИМА) ё 70 фоиз, маблағҳои қарзӣ 14,2 миллиард сомонӣ (1,3 миллиард доллар) ё 27,6 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,5 миллиард сомонӣ (137,5 миллион доллар) ё 2,3 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 63,4 миллион сомонӣ (5,8 миллион доллар) ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2024 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 6,7 миллиард сомонӣ (612,6 миллион доллар) маблағҳо аз худ гардидаанд, ки дар маҷмӯъ ба 100 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар соли 2024 ба 22543 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023 8,4 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби маблағгузории шахсӣ 38,5 фоиз ва давлатӣ 18,5 фоиз зиёд аст.

Аз ҳаҷми маблағгузории асосии дар ин давра азхудшуда 9830,5 миллион сомониро (43,6 фоиз) маблағҳои давлатӣ, 8295 миллион сомонӣ (36,8 фоиз) шахсӣ, 4318,7 миллион сомонӣ (19,1 фоиз) сармояи хориҷӣ ва 98,8 миллион сомониро (0,5 фоиз) сармояи муштарак ташкил медиҳад.

Дар соли 2024 тавассути ҳама намуди нақлиёт 134,4 млн. тонна бор кашонида шуда, нисбат ба соли 2023-юм 11,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон дар соли 2024 бо ҳама намуди нақлиёт 1020 млн. нафар мусофир кашонида шуда, нисбат ба соли 2023-юм 13,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо 65783,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 13,6 фоиз ё 9659,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз ҳаҷми умумии гардиши савдо 84,6 фоиз ё 55663 млн. сомониро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мотосиклҳо ташкил намудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар соли 2024-ум 25722,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм 13 фоиз афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пулакӣ 74,2 фоиз ё 19094,9 млн. сомонии он ба аҳолии кишвар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 9 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2024 ба 8955 млн. доллар расонида шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 7,5 фоиз ё 626,1 млн. доллар зиёд мебошад. Дар ин давра содироти молу маҳсулот 1947,4 млн. долларро ташкил намуд.

Сохтори содиротро асосан маъданҳо (24 фоиз), металлҳои қиматбаҳо (17,8 фоиз), дигар металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) (13,3 фоиз), нахи пахта ва маҳсулот аз он (10,9 фоиз), алюминий аввалия ва маҳсулот аз он (10,4 фоиз), қувваи барқ (5,8 фоиз), мис ва маҳсулот аз он (2,7 фоиз), маҳсулоти кишоварзӣ (2,6 фоиз), либосҳои гуногун ва бофташуда (2,5 фоиз), семент ва дигар маҳсулоти кимиёвӣ (1,4 фоизӣ) ва дигар маҳсулот ташкил намудааст.

Дар соли 2024 воридоти мол ба 7007,6 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2023-юм 19,2 фоиз ё 1127,5 млн. доллар зиёд шудааст.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ барои истеъмол 7,7 фоиз ва барои коркард 10,1 фоиз, маҳсулоти нафтӣ 11,8 фоиз, воситаҳои нақлиёти заминӣ 11,5 фоиз, таҷҳизоти технологӣ 7,4 фоиз, металлҳои сиёҳ 6 фоиз, филизоти қимматбаҳо ва нимқиматбаҳо (5 фоиз), чӯбу тахта ва маҳсулот аз он 4,9 фоиз, гази моеъ 3,6 фоиз, таҷҳизоти электрикӣ 6 фоиз, маҳсулоти полимерӣ 2,8 фоиз, маҳсулот аз металлҳои сиёҳ ва маҳсулоти кимиёи ғайриорганикӣ 2 фоизӣ, гилхок 1,3 фоиз, маҳсулоти фармасевтӣ 1,2 фоиз, нуриҳои минералӣ 0,8 фоиз ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

Таҳлилҳои вазорат нишон медиҳад, ки дар натиҷаи шомилшавӣ ба СУС ҳаҷми нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷӣ ба ҳисоби миёнасолона аз 4,3 миллиард доллари солҳои 2008-2012 то қариб ба 9 миллиард доллар дар соли 2024 расонида шуд.

Ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ аз 943,4 миллион доллари соли 2013 то ба 1,9 миллиард доллар дар соли 2024-ум ё 2,1 маротиба зиёд гардид.

Дар натиҷаи ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дар соли 2024 нишондиҳандаи содироти як қатор маҳсулоти нави дорои арзиши баланди иловашуда (сурма, мис ва маҳсулот аз он, либосҳои гуногун ва бофташуда, дигар маҳсулоти кимиёвӣ, нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт, маҳсулоти тарканда, коғазу картон ва маҳсулоти он, маҳсулоти полимерӣ, тухми паранда, маҳсулоти коркардшудаи меваю сабзавот, қолинҳо, маводҳои парфюмерӣ, нуриҳои минералӣ ва як қатор дигар молҳо) беш аз 439,2 млн. доларро ташкил намуд.

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо

Фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2024 доир ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд гардидаанд, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2024, №41 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №116 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ» ва дигар қарору супоришҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронида шуда буд.

Дар давраи ҳисоботӣ вазорат дар самтҳои таҳлил ва дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод, танзими савдои хориҷӣ ва дохилӣ, мониторинги барномаҳо ва тақвияти минтақаҳо, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуд.

Бахусус аз ҷониби вазорат барои тақвият додани низоми дурнамосозӣ ва моделсозии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуда, бо назардошти муайяннамоии манбаъҳои иловагии рушд дар асоси модели муосири макроиқтисодии эконометрикӣ дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ аз рӯйи сенарияи шиддатнок таҳия гардид, ки барои таъмини устувории иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.

Бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ ва гуфтушунидҳо гузаронида шуд, ки дар натиҷа дар соли 2024 дар доираи корбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба ҳайси ҳамраиси қисми тоҷикистонии комиссияҳои байниҳукуматӣ ва мудири кишварии ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар маҷмӯъ 630 млн. доллар маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷалб карда шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ вазорат дар соли 2024 Нақшаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллиро таҳия карда, дар доираи он 5 ҷаласа баргузор намуд, ки аз натиҷаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид ва тибқи супоришҳои дахлдори Ҳукумати кишвар ба вазорату идораҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ пешниҳод шуд.

Дар соли 2024 вазорат ҷиҳати тамини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуд, ки 16 лоиҳа қабул гардида, 6 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 15 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Бахусус бо назардошти шароити имрӯза ва ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027» дар асоси модели муосири макроиқтисодии эконометрикӣ омода карда шуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2024, №328 тасдиқ гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби вазорат лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» омода карда шуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2024, №41 тасдиқ гардид.

Инчунин ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 вазорат лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки он аз 30 марти соли 2024, №192 тасдиқ гардид.

Ҳамзамон бо мақсади танзим ва рушди савдои электронӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 16 майи соли 2024, №295 мавриди амал қарор дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти муайяннамоии эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба кадрҳои зарурӣ вазорат нақшаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025-2026-ро таҳия намуд, ки бо супориши дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ирсол гардид.

Ҳамзамон вазорат ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисоси дорои дониши замонавӣ лоиҳаи «Номгӯи ихтисосҳоро, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ дар соли таҳсили 2025-2026 аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» пешниҳод мешаванд» таҳия намуд, ки бо супориши Ҳукумати кишвар ба мақомоти масъул барои корбарӣ пешниҳод карда шуд.

Вазорат ҳамчун котиботи масъул ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои заруриро омода намуд ва ҷаласаи Шӯрои мазкур 10 июни соли 2024 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии рушд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар доираи он натиҷагирӣ аз рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, муайян намудани афзалиятҳои минбаъдаи рушд ва ҷалби таваҷҷуҳи шарикони рушд ҷиҳати зиёд намудани маблағҳо барои татбиқи ҳадафу афзалиятҳои стратегии кишвар баррасӣ гардид.

Дар ин давра вазорат ҷаласаи Шӯро оид ба тавсеаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баргузор намуд, ки дар он масъалаҳо вобаста ба методологияи баҳодиҳии синфи миёна, таҳлили камбизоатии кӯдакон, тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон ва барномаи кории Шӯро барои соли 2025 баррасӣ гардиданд.

Ба ғайр аз ин дар доираи ҷаласаҳои Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2024 ҳолати иҷрои 28 стратегияву барномаҳои соҳавӣ баррасӣ гардида, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузоришҳо пешниҳод гардид.

Ҳамзамон дар соли ҳисоботӣ ҷаласаи 12-уми Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои роҳандозӣ намудани чораҳои мушаххас дар самти ҷалби субъектҳои нави истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар ҳудуди минтақаҳо, фаъол гардонидани корхонаҳои амалкунанда ва ба кор андохтани иқтидорҳои аз фаъолият бозмонда баррасӣ шуда, аз натиҷаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид ва барои дастури минбаъда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол карда шуд, ки тибқи супориши дахлдори Ҳукумати кишвар ба вазорату идораҳо ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ пешниҳод шуд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорат якҷо бо вазорату идораҳо дар соли 2024-ум 6 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо (Узбекистон, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Россия, Озарбойҷон ва Миср) баргузор намуд, ки дар рафти ҷаласаҳои мазкур масъалаҳои фаъолгардонӣ ва вусъат додани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 дар соли 2023 Гузориши таҳлилӣ таҳия ва ба Ҳукумати кишвар манзур карда шуд ва дар ҷаласаи кории назди Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни амалишавии он бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои мутасаддӣ баргузор гардид.

Дар баробари ин ҷаласаи 18-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, ташкилотҳои хориҷӣ ва шарикони рушд баргузор гардида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати ҷумҳурӣ Протокол ҷиҳати дастури минбаъда ба вазорату идораҳои дахлдор манзур карда шуд.

Инчунин вазорат соли 2024 таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA), аз ҷумла Форуми иқтисодӣ дар мавзӯи «Рушди сабз дар минтақаи SPECA» ва ҷаласаи 19-уми Шӯрои роҳбарикунандаи он бо иштироки беш аз 100 намояндагони кишварҳои аъзо, созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва васоити ахбори омма дар сатҳи баланд баргузор намуд, ки дар доираи он қарори Шӯрои роҳбарикунанда ва Консепсияи рушди SPECA барои то соли 2030 қабул гардиданд.

Дар соли 2024 ба вазорат 14725 адад мактуб, аз ҷумла 4305 адад аз Ҳукумати ҷумҳурӣ, 8040 адад аз вазорату идораҳо, 818 адад лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, 203 адад аз муассисаҳои зертобеъ, 410 адад аз кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, 225 адад ҳуҷҷати махфӣ, 21 адад аризаву муроҷиати шаҳрвандон ва 724 адад тариқи факс аз мақомоти давлатӣ ворид гардиданд.

Бо назардошти талаботи мактубҳои воридшуда аз ҷониби вазорат 5680 адад мактуби ҷавобӣ (аз ҷумла 120 адад ҳуҷҷати махфӣ) ва таклифу пешниҳодҳо ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо ирсол карда шуд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 фармоиши вазорат оид ба фаъолияти асосӣ, аз ҷумла 8 фармоиши назоратӣ таҳия гардид, ки рафти иҷрои онҳо таҳти назорати доимии роҳбарият қарор дорад.

Бо мақсади муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ба ҷомеа дар сомонаи вазорат навсозии маълумот мунтазам амалӣ гардида, дар соли 2024 ба он 139 хабар, бахусус вобаста ба вохӯриҳо ва сафарҳои дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин 166 мулоқоти роҳбарияти вазорат бо намояндагони созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва дигар чорабиниҳои вазорат ҷойгир карда шудааст.

Дар ин давра ба 35 муроҷиати намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ вобаста ба гирифтани маълумот доир ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби мутасаддиён дар муҳлатҳои муайяншуда ҷавоб гардонида шудааст.

Вазорат ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи вазифаҳои низомномавии худ минбаъд низ тадбирҳои зарурӣ андешида, натиҷаашро тибқи тартиби муқарраргардида дар сомонаи вазорат ва расонаҳои чопию интернетӣ ба нашр мерасонад.

ПРЕСС- РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2024

Рақам барои тамос:221-62-08;

www.medt.tj; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .

Барои қайд: