Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин

.

  

7 марти соли 2025 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо муовини котиби гурӯҳи ҳизбӣ, директори Раёсати саноат ва иттилооти шаҳри Қошғар Чжан Юнсуо баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Чинро мусбат арзёбӣ намуда, густариши минбаъдаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиро баррасӣ карданд.

Дар рафти мулоқот Нуриддинзода А. Н. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона иродаи олии сиёсии роҳбарони ҳарду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкориҳои стратегии кишварҳои мо ба сатҳи сифатан баланд баромаданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика ва инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо дарназардошти таҷрибаи шаҳри Қошғар дар рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва коркарди захираҳои табиӣ, зарурати таҳияи лоиҳаҳои муштарак мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар ин замина масъалаи таъсиси корхонаҳои муштарак барои коркарди захираҳои маъданӣ, рушди ҳамкорӣ дар бахши энергетика, аз ҷумла истифодаи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, инчунин тавсеаи имкониятҳои логистикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас меандешанд.