Баррасии лоиҳаи мундариҷаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030
19 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвати Рамасвамӣ, аъзои Гурӯҳи кории байниидоравӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози шарикони рушд ва коршиносони миллӣ мизи мудаввар ҷиҳати муаррифӣ ва баррасии лоиҳаи мундариҷаи Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 (БМР 2026-2030) баргузор гардид.
Завқизода З. А. ҷаласаро оғоз карда, вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар суханронӣ намуда, зарурати тақвияти ҳамкориҳо бо ҷонибҳои дахлдорро ҷиҳати таҳияи шарҳи БМР 2021-2025 ва лоиҳаи БМР 2026–2030 таъкид намуд.
Сипас Завқизода З. А. лоиҳаи мундариҷаи БМР 2026–2030-ро муаррифӣ кард, ки дар он афзалиятҳои стратегӣ, аз ҷумла рақамигардонӣ, рушди зеҳни сунъӣ, рушди иқтисодӣ дар асоси навоварӣ, илм ва ихтироот ва рушди сармояи инсонӣ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
Қисми муҳими мизи мудаввар ба муҳокима ва пешниҳодҳои созанда оид ба лоиҳаи мундариҷаи БМР 2026–2030 бо иштироки фаъоли аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони миллӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор бахшида шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳадафи асосии Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030, ки марҳилаи сеюми Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад, ҳамчун як санади стратегӣ рушди ҳамаҷонибаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро бо риояи устуворӣ ва истифодаи самараноки захираҳо таъмин менамояд.
Дар анҷоми ҷаласа, фикру пешниҳодҳо ва натиҷаи муҳокимаҳо ҷамъбаст гардида, қадамҳои минбаъдаи таҳияи лоиҳаи БМР 2026–2030 ва машваратҳои оянда муайян карда шуданд. Ба иштирокчиён барои саҳмгузории арзишманд ва ширкати фаъолона изҳори сипос баён гардид.
Тамос барои маълумоти иловагӣ:
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: (+992) 37 221 69 14
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.