Вохӯрии Вазир бо Ингрид Терсман
Нимаи дуюми рӯзи 11 марти соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия, (бо иқоматгоҳаш дар ш.Стокголм) хонум Ингрид Терсманро ба ҳузур пазируфт.
Иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, рушди туризм ва ғайра аз мавзӯъҳои калидии мулоқоти Н.Ҳикматуллозода ва хонум И.Терсман маҳсуб меёфт.
Дар охир ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.