Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

   

15 апрели соли 2025 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Муовини ноиби аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

Завқизода З. А. қайд намуд, ки мулоқоту вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён зимни сафари давлатӣ, ки 15-17 январи соли 2025 баргузор гардид, барои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни кишварҳо такони ҷиддӣ дод.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки татбиқи босамари Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030 ҷиҳати густариши савдои мутақобила шароити мусоид фароҳам овард.

Завқизода З. А. қайд кард, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ду кишвар ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардиши савдои хориҷии дуҷониба дар соли 2024 ба 378 миллион доллар баробар гардида, нисбат ба соли 2023 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Дар семоҳаи якуми соли 2025 низ гардиши савдои хориҷии дуҷониба 111 миллион долларро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 42,9 фоиз зиёд мебошад.

Дар баробари ин қайд гардид, ки Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеъ барои бунёди корхонаҳои саноатии муштарак дар самти истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, саноати кимиёвӣ, дорусозӣ, нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра буда, истифодаи қувваи кории нисбатан арзон ва энергияи сабз барои таъмини рақобатпазирии молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд. 

Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо таваҷҷуҳи хоса аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба ёдовар шуда, омодагии худро ҷиҳати истифода бурдани долонҳои транзитӣ, баргузории намоишгоҳҳо ва иштирок намудани бахши хусусӣ дар он, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушди сайёҳӣ баён дошт.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷуда ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ иброз намуданд.