Тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи илм ва инноватсия: Иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаи 35-уми Шӯрои байнидавлатии кишварҳои ИДМ дар шаҳри Тошканд
30 апрели соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло, узви Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва инноватсионии кишварҳои ИДМ, дар ҷаласаи 35-уми Шӯро иштирок намуд.
Дар ҷаласа самтҳои афзалиятноки таҳкими ҳамкории илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ байни кишварҳои узви ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Роҳбари ҳайати Тоҷикистон дар суханронии худ доир ба вазъи кунунии соҳаҳои илм, техника ва инноватсия дар кишвар гузориш дода, дастовардҳои асосӣ, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаро барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва минтақа зикр намуд.
Дар доираи сафар Форуми якуми рушди инноватсионии кишварҳои ИДМ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои мубодилаи технологияҳои пешрафта, татбиқи натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва рушди лоиҳаҳои муштараки илмӣ баррасӣ шуданд. Ҳангоми баргузории форум Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло таҷрибаи Тоҷикистонро дар соҳаи дастгирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тиҷоратикунонии онҳо муаррифӣ намуда, зарурати фароҳам овардани муҳити мусоид барои интиқоли технологияҳо, рушди инфрасохтори инноватсионӣ ва ҷалби сармояи хусусӣ ба соҳаи илм ва инноватсияро таъкид кард.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабиниҳо аз омодагии он ҷиҳати таҳкими ҳамгироӣ дар равандҳои илмӣ ва инноватсионӣ дар фазои ИДМ, ҳамзамон мубодилаи таҷриба ва донишу технологияҳо барои рушди устувори иқтисодӣ дарак медиҳад.