Вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо
Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мусоидати Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назризода ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар доир гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» дар самти тақвияти потенсиали хизматчиёни давлатӣ ва доираи расмии ҷумҳурӣ дар соҳаи сиёсати савдо, логистика ва СУС баррасӣ карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки мақсади асосии қарори мазкур фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурд ва миёна, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои аъзои СУС, таъмини манфиатҳои узвият дар СУС барои доираи васеи соҳибкорӣ иборат мебошад.