Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори маҷаллаи байналмилалии The Investor

.

  

12 июни соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Директори маҷаллаи байналмилалии The Investor Леандро Словински баргузор гардид.

Завқизода З. А. вобаста ба ҳадафу афзалиятҳо ва дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ рӯнамо намуда, қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди миёнасолонаи иқтисоди Тоҷикистон дар 25 соли охир ба 7,7 фоизӣ баробар мебошад.