Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазир бо ҷаноби Маурисио Розалис.

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид таҳти роҳбарии ҷаноби Маурисино Розалес баргузор гардид.

Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ қайд гардид, мақсад аз ташрифи ҳайати мазкур ифтитоҳи лоиҳаи нави «Рушди потенсиал барои таҳкими амнияти озуқаворӣ ва хӯрокворӣ дар кишварҳои алоҳидаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» мебошад, ки он дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Арманистон татбиқ мегардад.

Тарафҳо ҳангоми вохӯрӣ ба масъалаи лоиҳаи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра дахл намуданд. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судман баён доштанд.