Навиди Вазорат



Муҳокимаи натиҷаҳои фаъолият дар ҷаласаи Ҳайати мушовара

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

18-уми июли соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2016 баргузор гардид. 

Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд.

Ҷаласаи Ҳайати мушовараро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2016 муовини якуми Вазир, Саидраҳмон Назризода баромад намуданд.

Оид ба фаъолияти анҷомдодаашон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, нақшаҳо ва мушкилоти ҷойдошта роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.

Дар интиҳо ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное