Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Япония
17 августи соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикстон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока сурат гирифт.
Дар оғоз Вазир, Н.Ҳикматуллозода ҷаноби Ҳаҷиме Китаокаро барои таъйин шуданаш ба вазифаи Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикстон табрику таҳният намуда, изҳори итминон намуд, ки дар оянда низ ҳамкории Вазорат бо ниҳодҳои иқтисодии Япония ривоҷ хоҳад ёфт.
Ҳамзамон дар аснои мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.