Вохӯрии Вазир бо Патрисия Виверс-Картер
22 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус санатсияи низоми бонкӣ, расонидани кумаки унвонӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт баён доштанд.