Навиди Вазорат



Семинари миллии СУС

.

Рузҳои 27-28 сентябри соли ҷорӣ дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи кумаки техникии СУС Семинар оид ба принсипҳои шаффофият дар созишномаҳои СУС оид ба Чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ ва Монеаҳои техникӣ дар савдо баргузор гардид. Дар семинари болозикр намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд.

 Дар ҷараёни семинар иштирокчиён дар атрофи мавзӯъҳои истофадабарии меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ ва монеаҳои техникӣ дар савдо мубодилаи афкор намуданд. Ҳамзамон, дар семинар лексияҳо, тамринҳо ва иҷлосияҳои интерактивии системаи электронии СУС баргузор гардиданд. Ҳадафи асосии семинари мазкур баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ дар соҳаи истофадабарии меъёрҳои санитарию фитосанитарӣ ва монеаҳои техникӣ дар савдо буда, барои такмил додани иҷроиши ӯҳдадориҳои кишвар дар СУС равона гардидааст.

Илова бар ин, маводҳои чопии омӯзишӣ барои тайёр намудани огоҳиномаҳо ва ҷустуҷӯи маълумот тавассути системаҳои нав, аз қабили Системаи таъмини огоҳинома (Notification Submission Systems) ва Системаи идоракунии маълумот (Information Management System) мутобиқ карда шудаанд.