Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва ММПИ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон- адиби шинохта, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, директори Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон Кароматуллои Мирзо, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ва сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳот Саврбону Фарҳодова ширкат варзиданд.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда- Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард.

Ӯ зимни суханрониаш аз ҷумла таъкид намуд, ки алалхусус, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти давлат ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохӯриҳои сершумори худ муҳимияти ин масъаларо таъкид менамоянд.

Дар анҷоми баромадаш Умед Давлатзод қайд намуд, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Комиссияи татбиқи Қонуни забон пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, тарҷумаю истифодаи дурусти истилоҳоти иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллои Мирзо, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Саодатшо Матробиён ва Сардори Раёсати кадрҳо ва бахши махсус З.Муъминов баромад карданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное