Навиди Вазорат



Вохӯрии Умед Давлатзод бо Раҷендра Сингх

.

13 октябри соли ҷорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳони таҳти роҳбарии Раҷендра Сингх баргузор гардид.


Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо дар атрофи масъалаи лоиҳаи КАСА-и Рақамӣ (собиқ лоиҳаи CARFON) мубодилаи афкор намуданд. Яке аз мақсадҳои асосии ин лоиҳа ин муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази телекоммуникатсионии минтақа мебошад. Ба ғайр аз ин, лоиҳаи мазкур ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамоҳанг мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёт баён доштанд.