Ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Бо мақсади рушди муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ доир гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Неъматулло Ҳикматуллозода – Вазири рушди иқтисод ва савдо ва ҳайати Ҷумҳурии Халқии Хитойро бошад ҷаноби Фан Айтсин – муовини Вазири тиҷорати ҶХХ роҳбарӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи мазкур ҷонибҳо оид ба масъалаи ҳамкории кунунӣ ва оянда мубодилаи афкор намуданд. Хусусан ба лоиҳаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Инчунин, тарафҳо муҳимияти густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёту логистика, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, фаъолияти бонкӣ ва ғайра қайд намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа Протокол ба имзо расид.