Вохӯрии Вазир бо Хаген Эттнер
Имрӯз дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо роҳбари Барномаи «Мусоидат ба рушди фарогири иқтисодиёт барои беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ дар деҳот (TRIGGER)»-и Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) ҷаноби Хаген Эттнер баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои вобаста ба нақшаи чорабиниҳо роҷеъ ба татбиқи лоиҳаҳо дар самти дурнамосозӣ, моделсозӣ ва истифодабарии олотҳои аналитикӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати идома додани корҳо дар самтҳои болозикр баён доштанд.