Навиди Вазорат



Ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовара

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

25 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Ҳайати мушовара баргузор гардид, ки дар он ду масъала- ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2016 ва гузориши Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ роҷеъ ба рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Дар ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ, инчунин сарварони муассисаҳои тобеи Вазорат ширкат варзиданд. 

Ҷаласаи Ҳайати мушовараро бо сухани муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нуҳ моҳи соли 2016 сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ Зафар Бурҳонзода гузориш дод.

Ҳамчунин, оид ба фаъолияти анҷомдодаашон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ, нақшаҳо ва мушкилоти ҷойдошта роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеи Вазорат баромад карданд.

Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа - роҷеъ ба рафти иҷрои Протоколи ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ Фаррух Солиев гузориш дод.

Дар охир ҷаласаи Ҳайати мушовара оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное