Баррасии натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ дар Вазорат
28 ноябри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ вобаста ба натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ дар хусуси арзёбии вазъи коррупсия ва муқаррар намудани сатҳи он дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин Сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва Акбарзода Нурмаҳмад Холмурод – сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии мазкур ширкат варзиданд.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Умед Давлатзод ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, афзуд, ки дар қатори дигар хатарҳо ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия ба давлатҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва билохира ба ҳар як аъзои ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад.
Сипас, дар аснои чорабинии мазкур Сардори Раёсати дуюми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода зикр кард, ки дар таҳқиқоти сотсиологӣ доираи васеи сокинони кишвар ширкат варзида, фикру ақида ва мавқеи худро вобаста ба сатҳи коррупсия дар шохаҳои ҳокимият, сабабу омилҳои ба пайдоиши амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва роҳҳои паст кардани он баён намудаанд.
Ҳамзамон, аз ҷониби иштироккунандагон гузаронидани мизи мудаввар дар мавзӯи мавриди назар айни муддао дониста шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ миёни кормадони Дастгоҳи марказии Вазорат ва намояндаи Агентии мазкур саволу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.