Навиди Вазорат



Вохӯрии Гулрӯ Ҷабборзода бо ҳайати намояндагони Бунёди байналхалқии рушди кишоварзӣ

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода бо Роҳбари Барномаи кишварии Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ барои Тоҷикистон, ҷаноби Фритс Йепсен баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкори судманд намуданд. 

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ баён доштанд.