Вохӯрии Н.Ҳикматуллозода бо А.Гасанов
7 феврали соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озайрбойҷон, инчунин масъалаҳои вобаста ба тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди бахши хусусӣ, афзоиши гардиши молу маҳсулот, барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Озарбойҷон баён доштанд.