Вохӯрии Вазир бо Рашид Қодиров
14 феврали соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори Намояндагии Бонки Авруосиёии Рушд дар ш.Душанбе, ҷаноби Рашид Қодиров баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои нав, дастгирии бахши хусусӣ, солимгардонии вазъи низоми бонкӣ, рушди саноати истихроҷу коркард ва муайянсозии самтҳои нави сармоягузорӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баён доштанд.