Вохӯрии Вазир бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ
22 феврали соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии хонум Кордула Растоҷӣ ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи стратегияи рушди лоиҳаҳои афзалиятдоштаи Бонки Ҷаҳонӣ дар соҳаи нақлиёт, инчунин рушди минтақаҳо, азнавсозии роҳҳои оҳан ва мошингард, беҳсозии самтҳои логистикӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар тамоми самтҳои афзалиятдошта миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ баён доштанд.