Муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи БРН
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 8 ноҳияи вилояти Хатлон (Шаҳритус, Кубодиён, Ҷайҳун, Дустӣ, Панҷ, Фархор, Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин) аз 28 феврал то 7 марти соли 2017 таҳти ҳамоҳангсозии Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва кумаки машваратии лоиҳаҳои “Барномаи Рушди Ҷомеа” БРСММ – «Баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон» ва «Тақвияти нерӯи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба банақшагирӣ ва арзёбии стратегияҳои миллию соҳавӣ ва мониторинги иҷроиши онҳо дар маҳал мутобиқи Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятии натиҷаҳои мониторинги татбиқи Барномаи рушди ноҳияҳоро (БРН) ба нақша гирифтааст.
Мақсади асосии баргузор намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ пешниҳоди иттилоот ба аҳолӣ, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, оид ба раванди мониторинги татбиқи Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои зикргардида мебошад. Доир намудани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ҷалби тамоми тарафҳои дар сатҳи маҳалӣ барои татбиқ ва мониторинги барнома ҳавасмандро пешбинӣ намуда, имконият медиҳад, ки самаранокии лоиҳаҳои татбиқшаванда беҳтар гашта, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум шароитҳои иловагӣ фароҳам меорад.
Бояд қайд намуд, ки дар давраи аз аввали татбиқи барномаҳои рушди ноҳияҳои таҷрибавӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳои банақшагирифташудаи маблағгузорӣ ба маблағи 220 миллион сомонӣ лоиҳаҳои афзалиятнок татбиқ шудаанд.
Лоиҳаҳои татбиқгардида дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, саноат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, обтаъминкунӣ ва беҳдошт, ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хатари ҳолатҳои фавқулода, беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт ва роҳ амалӣ гаштаанд.