Навиди Вазорат



Мулоқот бо Герхард Сайллер

.

27 феврали соли 2017 мулоқоти Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар ш. Остона) - Герхард Сайллер сурат гирифт.

Дар аснои мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, рушди соҳаи туризм ва дар ин замина омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. 

Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии барои тарафайн судманд мавриди арзёбӣ қарор гирифта, ба омодагиҳо ҷиҳати ташрифи ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Австрия ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар дода шуд.