Навиди Вазорат



Вохӯрии муовини Вазир бо Хоулли Беннер

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини Вазир, Илёсиддин Камолиддинзода бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии хонум Хоулли Беннер ба Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди бахши хусусӣ, рушди минтақаҳо ва ғайра мубодилаи афкор намуданд. 

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки ҷаҳонӣ баён доштанд.