Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ»
Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 14 апрели соли 2017 дар толори калони Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти унвони «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ширкат варзиданд.
Чорабиниро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ А.Солеҳзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, сипас аз ҷониби ширкаткунандагони конфронс дар мавзӯъҳои мушкилоти рушди бозори меҳнат ва роҳҳои ҳалли он дар шароити ҷаҳонишавӣ, сиёсати соҳавӣ ҳамчун механизми татбиқи ҳадаф ва афзалиятҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи саноат, имкониятҳои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ва дармонбахшӣ, роҳҳои баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои муҳити зист дар шароити тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаҳои иқтисодӣ ва ғайра маърӯзаҳо шунида шуд.
Қобили тазаккур аст, ки дар рафти баргузории конфронс ҷаласаҳои гурӯҳӣ гузаронида шуда, инчунин, дар интиҳои рӯзи аввал мизи мудаввар оид ба кори конфронс баргузор гардид.
Конфронс кори худро 15 апрели соли равон идома дода, дар доираи он боздиди иштирокчиёни конфронси байналмилалии илмию амалӣ бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз ҷараёни фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва корхонаи саноати кимиёвии ноҳияи Ёвон дар назар аст.