Навиди Вазорат



Нишасти корӣ бо соҳибкорони Япония дар Сафорат

.

13 апрели соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония нишасти корӣ бо соҳибкорони кишвари иқомат дар мавзӯи: «Муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ» бо иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусии Япония баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз кишвари иқомат намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати иқтисод, савдо ва саноат, Палатаи савдо ва саноат, Иттиҳодияи дӯстии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкории иқтисодиву фарҳангӣ, Роҳбари Намояндагии доимии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Япония, Ҷамъяити Япония оид ба савдо бо Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ROTOBO), Донишкадаи иқтисодӣ ва энергетикии Япония, Донишкадаи робитаҳои байналмилалии асъор, инчунин намояндагони ширкатҳои бузурги японӣ, аз ҷумла ITOCHU Coorporation, Toshiba Corporation, Hitachi Ltd., Sumitomo Corporation, Hokaido Intellect Tank, Sojits Corporation, Akebono Boeki Co. Ltd., Hit World Management Group, Marubeni Corporation, Nissin Corporation, Cockey Co. Ltd, NPO ALBERI DEL CACAO – Cacao no ki, Toyo Kanetsu ва Dainichi Hanso иштирок намуданд.

Зимни сухани ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар бораи рушди батадриҷи тиҷорату иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои мусоиди сармоягузорӣ ва зарурати ҷалби технологияи муосири Япония дар бахшҳои мухталифи соҳаи саноати Тоҷикистон баромад намуд.

Дар назди иштирокчиён Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо рӯнамо ва гузориши муфассал дар бораи муҳити макроиқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ баромад намуд. Иштирокчиёни чорабинӣ аз раванди татбиқи тарҳҳои афзалиятноки кишвар, барномаҳои рушди соҳаи инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ, гидроэнергетика, истихроҷ ва саноати кимиёӣ бо дарназардошти ҷалби технологияи муосир шинос гардиданд.

 Татбиқи тарҳҳои мазкур дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони японӣ муносиб мебошад.

Аз ин рӯ, аз ширкатҳои японӣ даъват ба амал овард шуд, то бо ҳамтоёни тоҷикистонии худ дар татбиқи тарҳҳои мутақобилан судманд ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ бо истифода аз ашёи хоми Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ намоянд.

Миёни иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи тамоюл ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда табодули андеша сурат гирифт.