Мулоқотҳо бо намояндагони ширкати энергетикии кореягии “Hurit Co.Ltd” ва Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ
16 апрели соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар доираи баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ нишасти корӣ бо иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон ва намояндагони ширкати энергетикии кореягии “Hurit Co.Ltd” баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур ҷиҳати рушди батадриҷи тиҷорату савдо ва зарурати ҷалби технологияи муосири Корея дар бахшҳои мухталифи соҳаи саноат ва энергетикаи Тоҷикистон изҳори назар карда шуд. Нимаи дуюми рӯзи 16 апрели соли 2017 бошад дар чаҳорчӯбаи ин сафар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари Ҷамъияти дӯстии Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Маркази хонум Ли Ок Рён баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳавасмандии муштараки худро бо истифода аз имконоти зиёди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.