МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НЕЪМАТУЛЛО ҲИКМАТУЛЛОЗОДА БО РАИСИ ПАРЛУМОНИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ ЧУНГ СЕ КЮН
Нимаи аввали рӯзи 17 апрели соли 2017 дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Корея Чунг Се Кюн сурат гирифт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла тавассути ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардид ва ҳарду ҷониб омодагию ҳавасмандии амиқи худро ба густариши робитаҳо таъкид доштанд.