Баррасии ҳамкориҳои мутақобила бо БРСММ
25 апрели соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.
Неъматулло Ҳикматуллозода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла, омодагӣ барои гузаронидани шарҳи Ҳадафҳои Рушди Устувор, доир намудани ҷаласаи муштараки Кумитаи роҳбарикунандаи ЮНДАФ, ташкил намудани семинарҳои муштарак роҷеъ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин гузаронидани мониторинги Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Барномаи рушди СММ омодагии худро баён доштанд.