Вохӯрии Гулрӯ Ҷабборзода бо Сана Ага ал-Нимер
3 майи соли ҷорӣ вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии хонум Сана Ага ал-Нимер бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо атрофи масъалаҳои обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳамаи самтҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёт баён доштанд.