Имзои Созишнома оид ба пешниҳоди таҷҳизот
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди таҷҳизот ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ баргузор гардид.
Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири фавқулода ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон ҷаноби Юе Бин имзо намуданд.